- гулбазм
- [گل بزم]маҳфили шеърхонӣ, ки хонанда гул дар даст байт ё порчаи шеъриро бо номи гул қироат карда, сипас гулро ба каси дилхоҳаш месупорад. Он кас шеърхониро бо номи гул давом дода, ин амалро такрор мекунад ва ҳамин тариқ гул давр хӯрдан мегирад (ин кор одатан дар ҷашнҳои арусӣ сурат мегирад.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.